Таъкиди иқтисоддони тоҷик бар зарурати шафофият дар ҳазинакарди вомҳои хориҷӣ
(last modified Sun, 24 Jan 2021 09:12:56 GMT )
Январ 24, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки тавони бозпардохти қарзи хориҷиро доранд
    Мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки тавони бозпардохти қарзи хориҷиро доранд

Иқтисоддони тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон хост, гузориши шаффофе аз ҳазинакарди вомҳо ва кумакҳои молии хориҷӣ дар Тоҷикистонро ироа кунад.

Ба сомонаи Топ Тҷ, Нуриддин Қаюмов бо ишора ба дархости Тоҷикистон аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ва кишварҳои вомдиҳанда барои ба таъхир андохтани муддати бозпардохти қарзи хориҷии худ гуфтааст: “густариши бемории корона мӯҷиби афзоиши ҳазинаи бахши беҳдошту дармон шуда ва мувофиқати вомдиҳандагон барои ба таъхир андохтани замони бозпардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимаи дувуми соли 2021 низ вазъро ислоҳ нахоҳад кард”.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳо ҷумбишҳо ва ҷараёнҳои мардумниҳоде вуҷӯд доранд, ки бар раванди ҳазина кардани вомҳои хориҷӣ ва кумакҳои молии ройгон назорат мекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки дар Тоҷикистон ин мавзӯ шаффоф нест.

Қаюмов изофа кард, аз сӯи дигар бар асоси гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии ин кишвар дар 10 моҳи соли 2020 ба 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор доллар расида, ки баробар бо 36.9 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Бо ин ҳоли мақомоти Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки тавони бозпардохти қарзи хориҷиро доранд, вале аз имтиёзи таъхир дар ин замина, ки Гурӯҳи 20 ба далели густариши Ковид 19 эъто кардааст, истифода хоҳанд кард.

Ҳамакнӯн Тоҷикистон ба Бонки содирот ва воридоти Чин як миллиарду 133 миллиондоллар, ба Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 287 миллиондоллар, Бонки тавсеъаи Исломӣ 132 миллиондоллар ва ба сандӯқҳои сармоягузории бархе аз кишварҳои арабӣ 110 миллиондоллар қарздор аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: