Январ 24, 2021 20:42 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди намояндаи порлумони Тоҷикистон барои тақвияти руҳияи меҳанпарастӣ дар артиши Тоҷикистон

Намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон пешниҳод карда аст, ки барои тақвияти руҳияи меҳанпарастӣ дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тадриси дарси адабиёт роҳандозӣ гардад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  Спутник , Абдулҳалим Ғаффорзода ҳангоми баррасии тарҳи қонуни нави хизмати низомӣ дар порлумони Тоҷикистон гуфта аст, ки дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ҳамзамон бо омӯзишҳои фаннӣ ва тахассусӣ бояд тадриси адабиёт барои тақвияти руҳияи меҳанпарастӣ дар миёни афсарону сарбозон роҳандозӣ гардад.

 Ӯ дар ин маврид ба вуҷуди адабиёти фаровон дар адабиёти форсӣ ишора карда ва байти машҳури ҳаким Абулқосими Фирдавсиро мисол зада аст : "

 Пароканда лашкар наёяд ба кор

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор

Аз дидгоҳи Ғаффорзода, Тоҷикистон бо Афғонистон 1 400 километр ва бо Қирғизистон 970 километр марзи муштарак дорад, ки ҳамвора бо нооромӣ ва низоъ рӯ ба рӯ мебошад.Аз ин рӯ барои доштани артиши қудратманд ва муқобила бо авомили ноамнӣ тақвияти рӯҳияи меҳанпарастӣ зарурӣ аст, ки зарурати омӯзиши адабиётро матраҳ месозад.

 

Барчасп