Январ 25, 2021 11:03 Asia/Dushanbe
  • Сабаби оташсӯзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон маъмулан беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқӣ эълом мешавад
    Сабаби оташсӯзӣ дар бозорҳои Тоҷикистон маъмулан беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқӣ эълом мешавад

Бозори Султони Кабир-бузургтарин маркази фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва қисмҳои худравҳо дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз (25 январ ) дучори оташсӯзӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , оташсӯзӣ дар бахши фурӯши чарх(баллон)и худравҳо оғоз шуда ва масоҳати наздик ба 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст.

 Шоҳидон гуфтаанд даҳҳо мошини оташнишонӣ дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд ва то лаҳзаи интишори ин хабар ҳануз муваффақ ба хомуш кардани оташ нашудаанд.Ин дар ҳоле аст, ки тобистони соли 2018 низ бозори Султони Кабир дар шаҳри Душанбе дучори оташсӯзӣ шуд.

 Ҳануз аз иллати вуқуъи чунин оташсӯзии бузурге дар бозори Султони Кабир ва ҳаҷми хисорат итилоъе дар даст нест.

 Дар солҳои ахир чандин мавриди оташсӯзӣ дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи Тоҷикистон рух дода аст, ки мақомоти Созмони оташнишонӣ иллати ин ҳодисаҳоро беэҳтиётӣ ҳангоми истифода аз таҷҳизоти барқӣ унвон кардаанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп