Январ 26, 2021 12:48 Asia/Dushanbe
  • Даромади ҳар сари шаҳрванди Тоҷикистон аз тавлиди саноатӣ ба 3,365 сомонӣ баробар аст
    Даромади ҳар сари шаҳрванди Тоҷикистон аз тавлиди саноатӣ ба 3,365 сомонӣ баробар аст

Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон ба ҳар сари аҳолӣ дар соли 2020 ба 3365 сомонӣ (297 доллар) расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, тибқи маълумоти Ташкилоти давлатии омори Тоҷикистон, аҳолии кишвар дар соли 2020 ба 9 миллиону 448 ҳазор нафар расидааст, ки мувофиқи он ба ҳар сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 365 сомонӣ рост меояд.

Дар ин муддат арзиши тавлидоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 30 миллиарду 800 миллион сомонӣ (ду миллиарду 700 миллион доллар ) эълом шудааст.

Алюминий, семент, нахи пахта, маодин ва металлҳои ранга муҳимтарин маҳсулоти саноатии Тоҷикистон дар соли 2020 буданд. Аз сабаби ғайриимкон будани коркарди минбаъдаи ин маҳсулот дар дохили Тоҷикистон ин ашё дар шакли хом ва нимхом содир карда мешавад.

Аз ҷумла дар Тоҷикистон ба иллати бинобар набудани корхонаҳои коркарди пахта, танҳо 20 фоиз нахи пахтаи дар ин кишвар истеҳсолшуда ба маҳсулот табдил ёфта, боқимонда ашёи хом содирот карда мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп