Январ 26, 2021 13:27 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон вируси корона дигар вуҷуд надорад
    Дар Тоҷикистон вируси корона дигар вуҷуд надорад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Дар ин кишвар вируси корона дигар вуҷуд надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Риа Новости, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба маҷлисҳои миллии намояндагони Тоҷикистон эълом кард, дар ин кишвар тайи 15 рӯзи ахири ҳеч мавриди ибтило ба Ковиди 19 мушоҳида нашудааст ва амалан  бар ин беморӣ пӣрӯз шудаанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон бо ҳазинаи 145 миллион доллар манобеи молӣ илова бар маблағи буҷети пешбинишуда дар буҷети ҳукумат барои бахши беҳдошт ва дармон дар соли 2020, 30 бемористони ҷадид бо 7 ҳазор тахти хоб ифтитоҳ шуд, ки 5 ҳазору 400 кадри дармонӣ машғули табобати маризони мубтало ба Ковиди 19 буданд.

Вай ҳамчунон ба зарурати пойбандӣ ба риояти тавсияҳои беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши вирукси корона дар кишвараш таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба бозгушоии масоҷиди Тоҷикистон аз рӯзи аввали феврали соли ҷорӣ пойбандӣ ба муқаррароти беҳдоштӣ дар ин маконҳои ибодиро хостор шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дастур дод, ки кишоварзони кишвараш ба муддати як сол аз пардохти молиёт барои истифода аз замин муъоф шуданд.

Ӯ эълом кард, ки қонуни ҷадиди молиёт дар Тоҷикистон то моҳи марти имсол таҳия хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон хостори сарфаҷӯи дар масрафи барқ дар кишвараш ва аз 16 дарсад гум шудани нерӯи барқ ​​шадидан интиқод кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп