Эмомалӣ Раҳмон барои таҳияи қонӯни ҷадиди молиёт замон таъин кард
(last modified Tue, 26 Jan 2021 15:55:32 GMT )
Январ 26, 2021 20:55 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Тоҷикистон дастур дод то марти 2021 қонӯни ҷадиди молиётро таҳия кунад
    Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи Тоҷикистон дастур дод то марти 2021 қонӯни ҷадиди молиётро таҳия кунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Вазорати молия бояд то моҳи март тарҳи қонӯни ҷадиди андозро тадвин ва ба ҳукумат ироа кунад.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон эълом кард, тарҳи қонӯни ҷадиди андоз бояд бо меҳварият додани сабукӣ ба бахши хусӯсӣ ва марокизи тавлидӣ тадвин шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард: «70 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ аз ҳисоби фаъолияти бахши хусӯсӣ таъмин мешавад ва 80 дарсади бахши даромадии буҷети солонаи ҳукуматро молиёт пур мекунад. 63 дарсади кулли нерӯи кори Тоҷикистон дар бахши хусӯсӣ фаъолият дорад ва беҳбуди фазои касбу кор аз муҳимтарин вазифаҳои ҳукумат дар баробари ин бахш мебошад.»

Соли 2020 Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон эълом карда буд, ки дар моҳи сентябри ҳамон сол тарҳи қонӯни ҷадиди молиёт омода хоҳад шуд, аммо ба далели густариши вируси корона ва коҳиши даромадҳои молии кишвар ин иттифоқ наафтод.

Гузориши вижа: коҳиши мизони молиёт, дар дастури кори мақомоти Тоҷикистон

Дар тарҳи қонӯни ҷадиди молиёти Тоҷикистон коҳиши молиёт бар арзиши афзӯда аз 18 дарсади феълӣ ба 15 дарсад дар назар аст.

Ҳамчунин коҳиши молиёти иҷтимоӣ барои бима(суғурта), ки бояд корфармоён пардохт кунанд аз 25 дарсади феълӣ ба 20 дарсад бо тавсияи ниҳодҳои молии байналмилалӣ маддиназар май бошд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: