Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш медиҳад
Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки тавассути бунёди хатти баландшиддати 500 кВ аз нерӯгоҳи Роғун то истгоҳи тақсимотии Сангтӯда содироти нерӯи барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, дар ҳоли ҳозир барқи Тоҷикистон ба Афғонистон тавассути ду хати 110 ва 220 киловолтӣ аз вилояти Хатлон ба вилоятҳои Қундуз ва Бағалони Афғонистон мунтақил мешавад ва бо сохт хати ҷадид зарфияти содироти барқ ба кишвари ҳамсоя ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт.
Тоҷикистон қаблан ба Афғонистон ҳама сола байни 1 миллиарду 200 миллион то 1 миллиарду 300 миллион киловатт соат барқ содир мекард.
Аммо дар соли 2020 ба далели коҳиши тавлиди барқ дар Тоҷикистон содироти барқи ин кишвар дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 39 дарсад коҳиш ёфт.
Дар соли 2020 дар Тоҷикистон 19 миллиарду 700 миллион киловатт соат барқ тавлид шуд, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 4, 3 дарсадиро нишон медиҳад.
Ба ҳамин далел аз рӯзи 6 январи имсол дар манотиқи рустоии Тоҷикистон танҳо аз соати 6 субҳ то 23 шаб ба бахши хонагии барқ мунтақил мешавад ва дар бақияи соатҳои шабонарӯзи маҳдудият вуҷуд дорад.
Бештар бихонед: