Оғози муҳокимаи Муҳаммадмурод Одинаев ва писараш дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ
(last modified Wed, 27 Jan 2021 15:42:44 GMT )
Январ 27, 2021 20:42 Asia/Dushanbe
  • Одинаев ба иттиҳоми авбошӣ ва ифротигарӣ муҳокима мешавад
    Одинаев ба иттиҳоми авбошӣ ва ифротигарӣ муҳокима мешавад

Муҳокимаи Муҳаммадмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва писараш Ҳабибуллоҳ Ризоев дар додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ оғоз шуд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Муҳаммадмурод Одинаев дар ин додгоҳ ба иттиҳоми авбошӣ ва даъват ба фаъолиятҳои ифротгарӣ ва писараш низ ба иттиҳоми авбошӣ муҳокима мешавад.

Дар рӯзи нахусти муҳокимаи ин падару писар, шаҳодати шоҳидон, аз ҷумла кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор шунида шуд ва онон иддао карданд, ки муовини Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо онҳо даргир шудааст.

Исботи иттиҳоми ифротигарӣ метавонад 5 то 10 сол зиндонро барои Муҳаммадмурод Одинаев дар пай дошта бошад.

Қаблан дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Муҳаммадмурод Одинаев омада буд: “Вай бо эътироз ба бурдани яке аз фарзандонаш ба хидмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хондаву бо кормандони қисми ҳарбии ноҳияи Ҳисор даргир шудааст ва бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст”.

Бо ин ҳол Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон боздошти муовинаш ва фарзанди вайро сиёсӣ медонад.

Одинаев қабл аз боздошт бо интишори паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ, судури муҷаввиз барои баргузории таҷаммуъ дар эътироз ба афзоиши қиматҳо дар Тоҷикистонро хостор шуда буд.

 

Бештар бихонед: