Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар охирин раддабандии ҷаҳонии фасоди молӣ
(last modified Thu, 28 Jan 2021 10:54:10 GMT )
Январ 28, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар раддабандии Transparency International 2019 ва 2020 дар ҷои 149 қарор дорад
    Тоҷикистон дар раддабандии Transparency International 2019 ва 2020 дар ҷои 149 қарор дорад

Рутбаи Тоҷикистон аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ дар охирин раддабандии ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ монд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ ( Transparency International ) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳурии Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Узбакистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

  Аз дидгоҳи коршиносон решаи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар вазоратхонаҳо ва созмонҳои давлатӣ, ниҳодҳои қазоӣ, интизомӣ ва амниятӣ ва бахшҳои омӯзишу парвариш, кишоварзӣ, иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, маошу дастмуздҳо поин мебошад.

Инчунин коршиносон мегӯянд вуҷуди монеъҳои идорӣ, фасоди молӣ ва ришвахорӣ, таҳқиқу тафаҳҳуси зиёд ва низоми молиётии ғайришаффоф аз мушкилоти сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

 

Бештар бихонед: