Русия даври ҷадиди омӯзиши нерӯҳои низомии тоҷикро оғоз кард
Январ 30, 2021 13:26 Asia/Dushanbe
Мураббиёни пойгоҳи низомии 201 Русия омӯзиши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар давраи зимистониро оғоз карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, омӯзиши нерӯҳои низомии тоҷик дар ду муҷтамаъи омӯзиши «Лоҳур» ва «Сумбула» дар 14 тахассуси низомӣ, аз ҷумла муҳандисӣ ва ронандагии танки T-72, фармондеҳии сомонаи мӯшаки партоби чандгонаи BM-21, тубчии тӯпхонаи худрони 2C1, тӯбчии васоили нақлияи зиреҳии BTR-80 ва норанҷакандоз сӯрат мегирад.
Гуфта имешавад, ин давраи омӯзишӣ ба таври мутавассит 3 моҳ идома меёбад.
Пойгоҳи низомии 201 Русия бузургтарин маркази низомии ин кишвар дар хориҷ буда ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар мустақар аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Интишори феҳристи қудратҳои низомии ҷаҳон: Тоҷикистон куҷост?
- Ирсоли ваксинаи корона барои низомиёни русии мустақар дар пойгоҳ
Барчасп