Январ 30, 2021 21:44 Asia/Dushanbe
  • Пас аз озоди аз зиндон далер шарифов гуфт, ки маҳкум шудани беасос фоҷеа аст
    Пас аз озоди аз зиндон далер шарифов гуфт, ки маҳкум шудани беасос фоҷеа аст

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки ба иттиҳоми таблиғи ифротгароӣ ба як сол зиндон маҳкум ва рӯзи 29 январ озод шуд, дар нахустин ибрози назари хеш маҳкум шудан ба иттиҳомоти сохтагиро фоҷиаи ҳар инсони бегуноҳ хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ ти Ҷи, Далер Шарифов гуфтааст, ки зиндонӣ будан ба саломатии вай бе таъсир набуда ва акнун ба дармон машғул хоҳад шуд.

Вай аз тамомии созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, рӯзноманигорону фаъолони ҷомеаи маданӣ, ки барои озодиаш талош карданд, қадрдонӣ кард.

Далер Шарифов ҳамчунин гуфт аз теъдоде аз кормандони ниҳодҳои қазоии давлат, ки бо эҳсоси бегуноҳии вай бо ӯ ба унвони як табааи Тоҷикистон ва фарди мусулмон бархӯрди муҳтарамона доштанд, ташаккур мекунад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 17 апрели соли 2020 Далер Шарифов, рӯзноманигори ҷавону шинохтаро ба иттиҳоми ҳимоят аз афкори гурӯҳи Ихвонул Муслимин, барангехтани душмании миллӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ ба як соли зиндон маҳкуми кард.

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон муддаӣ шуданд, ки Далер Шарифови 33 сола дар солҳои 2013 то 2019 ҳудуди 113 матлаб бо муҳтавои ифротгароиро мунташир ва дар соли 2019 ба таври ғайриқонунӣ ва махфиёна рисолае бо унвони " Муҳамад ( с)"  ба шумораи 100 нусхаро бар асоси ақоиди гурӯҳи мамнӯаи Ихвонул Муслимин тадвин кардааст.

 
Ин дар ҳолест, ки вай мегӯяд дар ин рисола талош кардааст иттиҳоми иртиботи тероризм бо дини исломро рад кунад.

Созмон‌ҳои ҷаҳонӣ дидбони ҳуқуқи башар ва гузоришгарони бидуни марз иттиҳомоти Далер Шарифовро бе асос хонда аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо дархост карда буданд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп