Ширкати ҳайати додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти додситонҳои кулли кишварҳои узви Шанхай
Июл 26, 2024 18:35 Asia/Dushanbe
Ҳайати додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Юсуф Раҳмон дар 22-умин нишасти додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, ширкат кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, додситонҳои кулли Қирғизистон (мизбон), Беларус, Ҳинд, Қазоқистон, Чин, Русия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар ин нишаст ширкат доштанд.
Руасои ҳайатҳо дар хусӯси нақшҳо ва вазоифи додситонӣ дар ростои истифода аз фанновариҳои рӯз дар фаъолияти додситонӣ ва беҳтарин амалкард дар ин замина табодули назар карданд.
Дар поён ин нишаст ротоколи ҷаласаи 22˗юми додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай тасвиб шуд.