Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад
Имрӯз 16 октябр, соати 18- Рӯзҳои фарҳангии кишвари Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ифтитоҳ мешавад.
Ба гузориши сомонаи “Ховар”, ба нақл аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар расми ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Давлати Қатар дар майдони 800-солагии Москва пешниҳоди тамошобинон ва меҳмонон гардонида мешавад.
Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии вазирони фарҳанги ду давлат доир мешавад.
Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит»-ро тамошо мекунад. Ҳамзамон меҳмонон ба шаҳри Норак сафар намуда, бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос мешаванд. Инчунин ҳайати ҳунарии рӯзҳо ба шаҳри Турсунзода сафар намуда, «Боғи ангур»-ро тамошо мекунад.
17-18 октябр, соати 18:30 барномаи фарҳангии аҳли ҳунари Давлати Қатар пешкаши тамошобинон мегардад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Давлати Қатар 13 декабри соли 1994 робитаҳои дипломатиро оғоз намуда, то имрӯз марҳалаҳои гуногуни рушди дуҷонибаро тай намудаанд. Фаъолияти Сафорати Давлати Қатар дар шаҳри Душанбе моҳи ноябри соли 2012 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа моҳи майи соли 2013 ифтитоҳ гардид.