Интишори китоби "Забони давлати Сомониён" дар шаҳри Душанбе
Китоби "Забони давлати Сомониён" дар Душанбе мунташир шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросони Разавӣ ба нақл аз яке аз сомонаҳои Осиёи миёна, ин китоб асари шоир ва донишманди тоҷик Ҳасан Султон, узви Академияи миллии улуми Тоҷикистон ва улуми табиии Федератсияи Русия аст, ки пеш аз ин дар Аврупо мунташир шуда буд.
Дар ин китоб рўзгори ҳукумати сомониён ( 875-999 ) ба унвони равшантарин фасл аз торихи сиёсӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик баррасӣ шудааст.
Инчунин дар ин китоб таъкид шудааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави давлати сомониён ба лутфи сиёсати фарҳангӣ ва дурандешии амирони ин силсила ба унвони омили иттиҳоду ҳамбастагии миллӣ тавсеа ёфт.
Ба гуфтаи нависандаи китоб, сомониён бо эҳтиром ба забони модарӣ на танҳо рӯҳи тозае ба чеҳраи забону миллати бостони дамиданад, балки аз тариқи сиёсати фарҳангии хирадмандона ва дурандешона барои расмият бахшидан ба русуму одоб ва русуми куҳани аҷдоди бостон низ талош карданд.
Бештар бихонед: