Париж мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Фаронса
(last modified Sun, 31 Jan 2021 14:11:44 GMT )
Январ 31, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Париж мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Фаронса
    Париж мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Фаронса

Париж мизбони ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Фаронса хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои  тоҷики Садои Хуросон ба нақл аз Комитети давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба ин манзур дар ояндаи наздик намояндагон аз сармоягузорони фаронсавӣ барои баррасии фурсатҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистони сафар мекунанд.

Раиси комитети давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дар ҳошияи дидор бо Мишел Торрон, сафири фаронсавӣ дар Душанбе гуфт:  Дар ҷаласаи муштарак мавзӯоти марбут ба густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, ба вижа ҷазби сармоягузорони фаронсавӣ барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва чашмандози ҳамкории тиҷории ду кишвар баррасӣ шуд.

Вай афзуд: Инчунин тарафайн дар мавриди тақвияти ҳамкории судманди мутақобил дар заминаи сармоягузории муштарак тавофуқ карданд.

 

Бештар бихонед: