Январ 31, 2021 20:18 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ваксинатсияи ҳудуди ду миллион нафар зидди корона дар Тоҷикистон
    Пешбинии ваксинатсияи ҳудуди ду миллион нафар зидди корона дар Тоҷикистон

Ҳудуди як миллиону 800 ҳазор нафар дар Тоҷикистон зидди бемории корона эмгузорӣ мешаванд.

Ба гузориши радиои  тоҷики Садои Хуросон ба нақли аз Вазорати тандурустии  Тоҷикистон ваксинатсияи корона дар Тоҷикистон аз авосити соли ҷории милодӣ оғоз мешавад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ дар Тоҷикистон гуфт: Дар марҳалаи аввали ваксина ба коркунони марокизи пизишкӣ,  муаллимон, афроди мубтало ба бемориҳои музмин ва заминаӣ ва афроди болои 50 сол тазриқ хоҳад шуд..

Ӯ афзуд: Дар 20 рӯзи гузашта ҳеч мавриде аз ибтило ба бемории корона дар Тоҷикистон гузориш нашудааст.

Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар ҳоли музокира бо Русия барои ворид кардани ваксина ҳастанд, аммо акнун мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд умедворанд ҳарчӣ зудтар ваксинаҳои  ройгони коронаро аз Русия ворид кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп