Баргузории ҷашнвораи дӯстии Тоҷикистон ва Русия дар яке аз боғчаи бачагонаи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i61482-Баргузории_ҷашнвораи_дӯстии_Тоҷикистон_ва_Русия_дар_яке_аз_боғчаи_бачагонаи_Русия
Ҷашнвораи дӯстии Тоҷикистон ва Русия дар яке аз боғчаи бачагонаи Русия баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 31, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашнвораи дӯстии Тоҷикистон ва Русия дар яке аз боғчаи бачагонаи Русия
    Баргузории ҷашнвораи дӯстии Тоҷикистон ва Русия дар яке аз боғчаи бачагонаи Русия

Ҷашнвораи дӯстии Тоҷикистон ва Русия дар яке аз боғчаи бачагонаи Русия баргузор шуд.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс ин ҷашнвора бо номи "Дӯстӣ барои ҳамешаи -  рӯзи миллии Тоҷикистони дар боғчаи бачагонаи шумораи 208 минтақаи Кирови шаҳри Екатеринбург  баргузор шуд.

Гавҳарбону Бобоева ба ҳамроҳи Раиса Бобоева фарзанди 5 солааш аз муҷриёни тоҷики ин ҷашнвора буданд.

Намоиши оинҳои миллии тоҷикӣ,  иҷрои рақсҳои миллии Тоҷикистон ва пахши оҳангҳои тоҷикӣ, аз ҷумлаи барномаҳои ин ҷашнвора буд. 

"Дар ин боғча 27 кӯдаки шаш миллати гуногун тарбия мегиранд", - гуфт мураббии кӯдакистон Мария Кирова.

Гавҳарбону Бобоева, модари яке аз кӯдакони  тоҷики боғчаи бачагон низ гуфт, ки чунин чорабиниҳо ба кӯдакон ба шароити кишвари мизбон кумакт мекунанд ва дӯстии шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро тақвият медиҳанд.

 

Бештар бихонед: