Касби беш аз ду ҳазор нишони варзишии варзишгарони минтақаи Хатлон, соли 2020
(last modified Sun, 31 Jan 2021 16:56:36 GMT )
Январ 31, 2021 21:56 Asia/Dushanbe
  • Касби беш аз ду ҳазор нишони варзишии варзишгарони минтақаи Хатлон, соли 2020
    Касби беш аз ду ҳазор нишони варзишии варзишгарони минтақаи Хатлон, соли 2020

Варзишгарони минтақаи Хатлон, соли гузаштаи мелодӣ ду ҳазору 501 нишони варзишӣ касб карданд.

Бино ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросони Разавӣ, ба нақл аз сомонаи Фараҷ, ин теъдоди 43 медали варзишӣ нисбат ба соли 2019 камтар аст.

Алӣ Ширголов, сардори раёсати варзиши Хатлон гуфт, ки варзишгарони минтақа соли гузашта дар 82 чемпионати ҷумҳурӣ ширкат варзиданд ва 2037 медал ба даст оварданд.

Вай афзуд: аз ин шумора 731 тилло, 609 нуқра ва 797 биринҷӣ буданд.

Вай афзуд: "Соли 2020 варзишгарони минтақа низ дар 9 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзиданд ва тавонистанд 20 медал ба даст оранд."