Феврал 01, 2021 10:12 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи маҷмааи парвариши моҳӣ дар минтақаи Суғди Тоҷикистон дар ояндаи наздик
    Ифтитоҳи маҷмааи парвариши моҳӣ дар минтақаи Суғди Тоҷикистон дар ояндаи наздик

Ширкати парвариши моҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови минтақаи Суғди Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Кумитаи ҳифозат аз муҳити зисти Тоҷикистон, қарор аст ин ширкат фақат моҳии қизилоло парвариш диҳад.

Дар айни замон, корҳои сохтмонии маҷмааи парвариши моҳӣ идома дорад.

Маҷмааи парвариши моҳии Ҷаббор Расулов дар масоҳати 3 гектар дар ҳоли сохт аст ва пешбинӣ мешавад, соли аввали баҳрабардорӣ 100 тонна моҳии қизилоло дар ҳавзҳои он парвариш ёбад. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп