Феврал 01, 2021 10:35 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти маводи бофандагӣ аз Тоҷикистон, соли гузашта
    Коҳиши содироти маводи бофандагӣ аз Тоҷикистон, соли гузашта

Соли гузашта содироти маводи бофандагӣ аз Тоҷикистон ҳудуди ду дар сад коҳиш ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати саноати Тоҷикистон 69 дарсад аз содироти маводи бофандагии Тоҷикистонро нахҳои хоми пахта ташкил медиҳад.

Инчунин бар асоси омори январ -декабри соли гузашта, арзиши содироти маводи бофандагӣ 196 миллиону 267 ҳазор доллар эълом шуд, ки аз ин мизон ҳудуди 135 миллиону 994 ҳазор доллар арзиши содироти нахи пахта будааст.

Дар ҳамин муддат, мизони воридоти маводи бофандагӣ ҳам бо се дарсад афзоиш ба 83 миллион доллар расид.

Бештар бихонед:

Барчасп