Феврал 01, 2021 13:33 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Нораки Тоҷикист он анбошта аз гилу лой
    Нерӯгоҳи Нораки Тоҷикист он анбошта аз гилу лой

Коршиноси умури энержии Тоҷикистон мӯътақод аст, ки камбуди шадиди барқ дар ин кишвар натиҷаи анбошта шудани як саввум аз сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи барқи обии Норак аз гилу лой аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, муҳандис Камолиддин Сироҷиддинов бо бо интишори матлабе гуфтааст, бар асоси баровардаҳои фаннӣ, ки чанд соли пеш бо кумаки молии банки ҷаҳонӣ анҷом шуд акнун 33 ва се даҳум дарсад аз ҳаҷми сарбанди 300 метрии нерӯгоҳи барқи обии Норак аз гилу лой пур шудааст, ки мӯҷиби коҳиши зарфияти тавлиди барқ дар ин нерӯгоҳ ва буҳрони камбуди шадиди энержӣ мешавад.

 

Вай менависад : "Дарёи Вахш, ки оби мавриди ниёзи сарбанди нерӯгоҳи Норак барои тавлиди солонаи наздик ба 3 миллиард киловатт соат барқ тавассути 9  турбин ин нерӯгоҳро таъмин мекунад дар фаслҳои баҳору аввали тобистон гилолуд аст ва лойрӯбӣ нашудани сарбанди 300 метрии он аз соли 1972 то ба ҳол ҳамасола мӯҷиби коҳиши тавлиди барқ мешавад.


Бар асоси мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоии ин кишвар аз шаби 5 январи соли ҷорӣ иҷроӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.

Далели иҷроии дубораи маҳдудияти барқ дар Тоҷикистон коҳиши мизони захоири об дар сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Норак унвон мешавад, ки дар муқоиса бо зимистони соли 2020 бо коҳиши 4 метрӣ рӯ ба рӯ шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп