Тамдиди яксолаи муҳлати сабти номи симкартаҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 01 Feb 2021 17:06:33 GMT )
Феврал 01, 2021 22:06 Asia/Dushanbe
  • Шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали 2022 фурсат доранд симкартаҳои худро сабт кунанд
    Шаҳрвандони Тоҷикистон то 15 феврали 2022 фурсат доранд симкартаҳои худро сабт кунанд

Муовини Хадамоти давлатии алоқаи Тоҷикистон аз тамдиди муҳлати сабтиноми симкартаҳои телефони ҳамроҳ дар кишвар то соли 2022 хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, Илҳомҷон Атоев дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт: Аз соли 2014 то поёни соли 2020 беш аз 4 миллиону 500 ҳазор муштарии телефони ҳамроҳ шумораҳои худро бар асоси шиносномаи нави миллӣ сабт кардаанд.

Атоев таъкид кард: «Ҳанӯз ҳам 2 миллиону 600 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон симкартаҳои телефони ҳамроҳи худро бар асоси шиносномаи миллии нав сабт накардаанд ва аз ин рӯ ҳукумат ба онон фурсат медиҳад, ки то 15 феврали соли 2022 шумораҳои худро бо картаи миллии нав сабт кунанд”.

Ба гуфтаи Атоев дар Тоҷикистон 7 миллиону 300 ҳазор нафар истифодабари телефони ҳамроҳ ҳастанд.

Вай теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистонро низ 3 миллиону 34 ҳазор нафар эълом кард.

 

Бештар бихонед: