Ноябр 22, 2023 20:03 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чин
    Ҳамкориии Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чин

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълом кард, шабакаҳои мухобиротии ин кишвар ба зудӣ ба шабакаҳои мухобиротии Чин муттасил хоҳад шуд.

Ба гузориши “Форс”, Хадамоти алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пайвастани ин кишвар ба шабакаҳои мухобиротии Чин дар ояндаи наздик хабар дод.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ин матлабро эълом кард ва аз он ба унвони гоми муҳиме барои тавсеаи интернету телевизион дар кишвар ном бурд.

Иқдомоти марбута дар чорчӯби пружаи сохти бузургроҳи пурсуръати Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Рӯшон - Хоруғ - Қулма анҷом хоҳад ёфт.

Бинобар тавзеҳи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, иқдомот дар ин замина, ки ҳадаф аз он эҷоди хутути иртиботии фибри нурии байналмилалии бештар, ки дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернетро ба мизони қобили таваҷҷуҳе афзоиш медиҳад, дар ҳоли анҷом аст.

Бар асоси гузориши ниҳоди муртабит, ин гом ҳамчунин потенсиали транзитии шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистонро афзоиш ва инзивои иртиботиро, ки қаблан ин кишвар бо он мувоҷеҳ буд, коҳиш медиҳад.

 

Барчасп