Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон барқ содир мекунад
(last modified Mon, 01 Feb 2021 17:32:29 GMT )
Феврал 01, 2021 22:32 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 48 дарсад коҳиш ёфтааст
    Содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ҳудуди 48 дарсад коҳиш ёфтааст

Вазири энергетика захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки дар ҳоли ҳозир танҳо ба Афғонистон барқ содир мешавад.

Ба гузориши сомонаи «Азия плюс», Далер Ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки ба далели буҳрони камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон акнун танҳо ба Афғонистон содироти барқ идома дорад.

Вай эълом кард, ки содироти барқи Тоҷикистон дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 ба се кишвари Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон 48 дарсад коҳиш ёфтааст.

 Буҳрони камобӣ дар соли 2020 боис шуд, ки на танҳо содироти барқи Тоҷикистон коҳиш ёбад, балки дар дохили кишвар низ маҳдудияти барқ ҷорӣ шуд.

Бар асоси мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон, маҳдудияти барқ дар манотиқи рустоӣ аз шаби 5 январи 2021 амалӣ шуд, ки аз соати 23 шаб то 6 субҳ ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.

 

Бештар бихонед: