Июл 25, 2016 10:17 Asia/Dushanbe
  • Муҳиддин Кабирӣ: Номи ман дар феҳристи Интерпол нест

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, ки исми вай дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал нест ва иддаои ахири мақомоти Тоҷикистон дар ин бора орзӯ ва руъёи онон аст.

Раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон иддаои вазири дохилаи ин ҷумҳурӣ дар бораи музокироти масъулони қазоии Тоҷикистон бо тамомии кишварҳои узаи Полиси байналмилал барои истирдоди вайро як рӯъё тавсиф кард.

Ба гузориши сойти "Ислом нюс", Муҳиддин Кабирӣ дар вокуниш ба иддаои ахири генерал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон, ки гуфта буд Додситонии кулли ин кишвар барои боздошт ва истирдоди Муҳиддин Кабирӣ бо тамомии кишварҳои узви Полиси байналмилал дар ҳоли музокира аст, таъкид кард: "Полиси байналмилал дархости мақомоти қазоии Тоҷикистонро напазируфтааст".

Кабирӣ мегӯяд, исми вай дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Полиси байналмилал нест ва ин иддао орзӯи мақомоти қазоии Тоҷикистон аст.

Раиси Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт: "Мақомоти Тоҷикистон бо масъулони қазоии бархе кишварҳои минтақа вориди музокираи дуҷониба барои боздошт ва истирдоди ман шуда ва мехоҳанд ин мавзӯро гуфтугӯ бо тамомии кишварҳои узви Полиси байналмилал ҷилва диҳанд".

Мақомоти амниятии Тоҷикистон масъулон ва аъзои Ҳизби наҳзати исломии ин кишварро ба даст доштан дар шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли гузашта, мушорикат дар ташкили гурӯҳҳои террористӣ, барангехтани ихтилофоти қавмӣ, даъват барои барандозии низоми сиёсӣ ва дарёфти пул аз хориҷ муттаҳам мекунанд. 

То ҳоло теъдоди зиёде аз аъзои ин ҳизб бо вуҷуди рад кардани ин иттиҳомот, ба ҳабсҳои тӯлонӣ дар зиндон маҳкум шуданд.

Барчасп