Феврал 02, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) нақшаҳои Тоҷикистонро дар соли 2021 шарҳ медиҳад
    Станислав Зас, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) нақшаҳои Тоҷикистонро дар соли 2021 шарҳ медиҳад

Дабиркулли Созмони Паймони Амниятӣи Дастаҷамъӣ эълом кард, ки ин ниҳод ба тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон мутааҳид аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасс, Станислав Зась дар нишасти хабарӣ, ки аз тариқи иртиботи тасвирӣ дар Маскав баргузор шуд гуфт, ки кишварҳои узви ин ниҳоди амниятӣ дар ҳоли тадвини барномаи муштарак барои устуворсозии марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон ҳастанд.

Дар ин нишасти хабарии онлайн хабарнигорони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар бораи барномаҳои ин ниҳод дар соли 2021, ки раёсати давраи он бо Тоҷикистон мебошад, пурсишҳоиро матраҳ карданд.

 Дабири кулли  Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи авзои марзи Тоҷикистон ва Афғонистон гуфт: «Дар соли ҷорӣ баргузории чанд размоиши нерӯҳои муштараки ин созмон дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон барномарезӣ шудаас, ки ҳадафи тақвияти тавони ин нерӯҳо барои муқобила бо ҳар навъи таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар шимоли Афғонистон мебошад. Аз ин рӯ тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон аз нигоҳи таҷҳизотӣ аз авлавияти барномаҳои ин созмон дар соли 2021 ба ҳисоб меояд.»

Тоҷикистон ва Афғонистон наздик ба як ҳазору 400 километр марзи муштарак доранд, ки маҳалли фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, ҷинояткорони созмонёфта ва одамрабоён мебошад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп