Тоҷикистон дар соли 2020 орду гандуми бештаре ворид кард
Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон аз воридоти 900 ҳазор тон гандум ва 90 ҳазор тон орд ба ин кишвар дар соли 2020 хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, воридоти ин мизон гандум дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 19 дарсад ва орд 4.8 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон арзиши ҳар тон гандуми воридотиро 243 доллар ва ордро 261 доллар эълом кард.
94 дарсад аз воридоти гандум ба Тоҷикистон аз Қазоқистон, 5 дарсад аз Русия ва камтар аз як дарсад аз Узбакистон будааст.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 864 ҳазор тон гандум бардошт шуд ва қимати орду гандум низ 14 дарсад афзоиш ёфт.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон далели афзоиши қимати орду гандум дар соли 2020-ро гарон шудани ин маҳсул дар кишварҳои содиркунанда унвон кардааст.
Тоҷикистон солона ба 2 миллион тон орду гандум ниёз дорад, ки ниме аз он аз ҳисоби воридот ва умдатан аз Қазоқистон таъмин мешавад.
Бештар бихонед:
- Афзоиши қимати орд дар Тоҷикистон бо оғози соли нав
- 17 дарсад аз воридоти Тоҷикистон саҳми сӯхт, гандум ва орд
- Тоҷикистон: Мондани пойи орд дар кафши гаронӣ