Коршиноси Академияи улуми Русия: Зарфияти содиротии Тоҷикистон маҳдуд аст
-
Саҳми Душанбе дар тиҷорати 310 миллиондолларӣ бо Узбакистон 75 миллион доллар будааст
Мудири бахши умури кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар пажӯҳишгоҳи равобити байналмилали Академияи улуми Русия содироти себаробарии Узбакистон ба Тоҷикистон дар соли 2020 - ро нишонаи зарфияти камтари Душанбе дар заминаи содирот донист.
Ба гузориши сомонаи РИА Новости, Елена Кузмина бо ишора ба муомилоти тиҷории беш аз 310 миллиондолларии Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2020 гуфт, саҳми Душанбе дар ин тиҷорат 75 миллион доллар будааст.
Вай изофа кард: Узбакистон дар бахшҳои саноатӣ дар ҳоли рушд аст ва ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти бофандагӣ, кафш, маводи химиявӣ ва таҷҳизоти барқӣ содир мекунад, аммо аз Тоҷикистон ба Узбакистон алюминии аввалия, барқ, семент, нахи пахта ва фарш ворид мешавад.
Ин пажӯҳишгари рус муътақид аст, агар Тоҷикистон мехоҳад содироти худ ба Узбакистонро афзоиш диҳад, бояд ба дунболи тавлиди маҳсулоте бошад, ки дар дохили Узбакистон вуҷуд надорад, вале ин зарфият дар шароити кунунӣ дар Тоҷикистон маҳдуд аст.
Бештар бихонед:
- Афзоиши бесобиқаи содироти Тоҷикистон ба хориҷ дар шароити коронаӣ
- Коҳиши 7 дарсадии муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон
- Бозкушоии гузаргоҳи марзии Саразм миёни Тоҷикистон ва Узбакистон