Корона табибони ришвахори Хатлонро ба сари кор баргардонд
Раиси идораи тандурустии вилояти Хатлон аз истихдоми дубораи теъдоди пизишк, ки ба далели ришвахорӣ ихроҷ шуда буданд хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Порс Ти Ҷи, Мирзоалӣ Раҷабзода гуфтааст, ки дар соли 2020 беш аз 41 корманди марказҳои дармонии вилояти Хатлон ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шудаанд., аммо ба далели камбуди кадри дармонӣ дар шароити густариши вируси корона теъдоде аз онон бо пардохти ҷаримаи молии дубораи сари кори хеш баргаштаанд.
Раҷабзода афзудааст: «Аз ин пизишкон тааҳҳуди кутубӣ гирифта шуда, ки дубора даст ба ин иқдоми зишт назананд.»
Раиси идораи тандурустии вилояти Хатлон ҳамчунин гуфтааст, ки дар соли 2020 дар ин вилояти фпати 18 зан ҳангоми зоимон сабт шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2019 коҳиши 3 мавридеро нишон медиҳад.
Пксар аз мавридҳои фавти занон ҳангоми зоимон дар шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара ва Қубодиён сабт шудааст.
Бештар бихонед: