Феврал 04, 2021 14:12 Asia/Dushanbe
  • Роҳбари Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, ки норозигии шаҳрвандонро аз болоравии меъёр дарк мекунад
    Роҳбари Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, ки норозигии шаҳрвандонро аз болоравии меъёр дарк мекунад

Сардори Хадамоти давлатии ҳукумати зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ дар кишварро шарҳ дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдулмаҷид Муминзод дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт шикояти сокинони Тоҷикистон аз афзоиши нархи маводи ғизоиро дарак мекунад, ки бештар ба нокофӣ будани тавлиди дохилӣ, афзоиши нарх дар кишварҳои содиркунанда ва маҳдудиятҳои эҷодшуда дар пайи густариши Ковиди 19 бармегардад.

 
Вай мегӯяд: «Дар соли 2020 нархи равғани моеъ дар Тоҷикистон 42 дарсад афзоиш ёфт. Дар дохили кишвар умдатан равғани пунба тавлид мешавад, ки кофӣ нест ва бахши умдаи ин маҳсул аз хориҷ ворид мегардад, ки мӯҷиби гаронӣ мешавад. Ҳамчунин дар Покистон ва Русия, ки таъминкунандагони шакар ва қанд мебошанд, нархи ин маҳсул аз 32 то 37 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ба бозори Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.»

Муминзод дар бораи афзоиши нархи мурғ низ гуфт: « Тоҷикистон танҳо 10 дарсади хӯроки мурғро дар дохил тавлид мекунад ва бо вуҷуди муъофияти воридоти ин маҳсул аз пардохти боҷи гумрукӣ, кишварҳои содиркунанда нархҳоро афзоиш додаанд.»

Раиси Хадамоти давлатии зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, ки дар соли 2020 гаронфурӯшони маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ дар кишвари 1 миллион доллар ҷарима шуданду ин маблағ ба буҷети ҳукумат вориз шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп