Феврал 04, 2021 18:35 Asia/Dushanbe
  • Зарари 300 миллион сомонии корона ба соҳаи нақлиёту боркашонии Тоҷикистон

Корона ҳудуди 300 миллион сомонӣ ба соҳаи нақлиёту боркашонии Тоҷикистон зарар овард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии тоҷикии Садои Хуросон  ба нақл аз Спутник , вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон гуфт : Густариши корона сабаби афзоиши боркашонии роҳи оҳанӣ дар кишвар шуд .

 Азим Иброҳим афзуд:Соли гузашта ҳамлу нақли роҳи оҳанӣ  6 300 000 тон коло ҷобаҷо карда, ки аз ин мизон ҳудуди 5 800 000 тон маҳмулаи байналмиллалӣ буда аст .

 Ин дар ҳоле аст, ки Ожонси омори раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз корона  гузориш дода буд, ки ҳамлу нақли ҷодаӣ ҳудуди 92 дарсад аз саҳми ҷобаҷоии колои кишварро ба худ ихтисос дода аст.

 Вазири роҳу нақлиёти Тоҷикистон афзуд: Имсол 5 тарҳи сармоягузории роҳсозӣ низ тамом мешавад, ки яке аз ин тарҳҳо сохти  деворҳои муҳофизи бетонӣ зидди тарма дар бузургроҳи Душанбе-Чаноқ аст.

 

 Бештар бихонед: