Феврал 06, 2021 15:01 Asia/Dushanbe
  • Омӯзиши 7 ҳазор низомии тоҷик дар пойгоҳи 201-и Русия

Фармондеҳи ҳавзаи Марказии низомии Русия аз омӯзиши 7 ҳазор низомии тоҷик тавассути мураббиёни пойгоҳи 201 мустақар дар Тоҷикистон дар 7 соли ахир хабар дод.

Ба гузориши сомонаи ҳавзаи марказии низомии Русия, генерал Александр Лапин ин матлабро ҳангоми сафар ба Тоҷикистон ва дидор бо мақомоти аршади низомии кишвар эълом кард.

Вай дар дидор бо генерал Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон баргузории размоиши муштараки низомии Русия ва Тоҷикистон ва ҳамкориҳои дуҷонибаи фаннӣ ва низомиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Лапин эълом кард, ки имсол низ дар размоишгоҳи Лоҳур дар ғарби шаҳри Душанбе барои артиши Тоҷикистон омӯзиши 170 ронандаи танк ва 70 нишонзани хумпораандоз барномарезӣ шудааст.

Ҳамчунин бо ширкати мақомоти аршади низомии ду кишвар тайи маросиме ба таври ройгон 40 худрави низомии муҳандисӣ барои тармим ва бозсозии роҳҳои кӯҳистонӣ ва кумак ба гурӯҳҳои наҷоту имдод дар ҳаводиси табиӣ ба артиши Тоҷикистон таҳвил дода шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп