Истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ба иттиҳоми олудасозии занон ба СПИД
Мақомоти додситонии кулли Русия аз истирдоди як шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе ба иттиҳоми олудасозии барқасдонаи занон ба СПИД хабар додаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник дар баёнияи матбуотии додситонии кулли Русия бидуни зикри мушаххасоти ин фард танҳо ба насаби вай ишора шудааст.
Дар ин баёния эълом шудааст, ки Шарифов ҳангоми истиқомат дар шаҳри Самараи Русия бо он ки аз гирифтории худ ба бемории СПИД хабар дошта барқасдона чанд занро олуда кардааст .
Гуфта мешавад, ки Шарифов қаблан дар Тоҷикистон низ даст ба иқдоми ҳаммонанде зада ва ду занро олуда карда буд.
Вай барои баррасии ин мавзӯъ ба кишвараш истирдод шудааст.
Бар асоси қонунҳои ҷиноии Тоҷикистон олудасозии барқасдонаи занон ба бемории СПИД, 8 то 10 соли маҳкумият ба зиндонро дар пай дорад.
Пештар муддати маҳкумияти ин ҷурм 2 то 5 сол зиндон буд .
Бештар бихонед: