Алоқаи мақомоти тоҷик барои дастрасӣ ба бозори Ҳиндустон
Феврал 07, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеи Тоҷикистон гуфт: Мақомоти кишвар хостори дастрасӣ ба бозори Ҳиндустон ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Ҷамшед Ҷумъаи Хонзода, раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеи тоҷикистон гуфт: Тоҷикистон мехоҳад ҳамкориҳои тиҷорӣ бо Ҳиндустонро тавсеа диҳад ва молу маҳсулоти кишоварзии тавлиди кишварро ба Ҳиндустон содир кунад.
Вай афзуд: Ҳиндустон бозори фурӯши бисёр хубе барои Тоҷикистон аз ҳар назар маҳсуб мешавад ва мо дар ҳоли мутолиаи ҳамкории бештари тиҷорӣ бо ин кишвар ҳастем.
Ҷумъа Хонзода афзуд: Дар ин замина ҷаласае бо намояндагони бозаргонии сафорати Ҳинд дар Тоҷикистон ва сафири ин кишвар баргузор шудааст.
Бештар бихонед:
Барчасп