Муттаҳам шудани як мақоми аршади полиси Хатлон ба ришвахорӣ
(last modified Mon, 25 Jul 2016 05:58:05 GMT )
Июл 25, 2016 10:58 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани як мақоми аршади полиси Хатлон ба ришвахорӣ

Парвандаи ҷиноии подполковник (сарҳанги дуввум) Назир Назиров, сардори Идораи мубориза бо қочоқи инсони Вазорати дохила дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми дарёфти ришва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Мақомоти Шӯъбаи мубориза бо фасоди молӣ дар устони Хатлони Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи як корманди аршади Идораи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳ хабар доданд.

Ба гузориши сойти "ТОП тҷ", Ҷамолиддин Муҳаммадзода, раиси Ожонси мубориза бо фасоди молии устони Хатлон гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии подполковник Назир Назиров, сардори Идораи мубориза бо қочоқи инсон дар Хатлон барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки Назир Назирови 37 сола дар авохири соли гузашта ҳангоми дарёфти 5 ҳазор доллар ришва аз як муттаҳами қочоқи маводи мухаддир дар шаҳри Нораки устони Хатлон боздошт шудааст.

Муҳаммадзода афзуд: "Назир Назиров фарди боздоштшударо ба тарки қаламрави Тоҷикистон таҳдид ва озодии ӯро ба шарти пардохти ин маблағ ваъда додааст. 

Муҳаммадзода сӯиистифода аз мақоми давлатӣ ва амалкарди худсаронаро аз иттиҳомоти ин мақоми аршади полис донист ва афзуд: "Додгоҳ метавонад вайро ба 5 то 10 соли зиндон ва пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум кунад".

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Муҳаммадзода, дар шаш моҳи нахусти имсол дар вилояти Хатлон 381 маврид ҷурму ҷиноёти муртабит бо фасод ва ришвахорӣ сабт шуда, ки 14 маврид марбут ба кормандони идороти интизомӣ, 8 маврид марбут ба кормандони додгустарӣ ва 3 маврид марбут ба кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон дар ин минтақа будааст.