Парлумони Тоҷикистон: Шабакаҳои иҷтимоӣ боиси инқилобҳои рангин мешаванд
(last modified Mon, 08 Feb 2021 06:52:49 GMT )
Феврал 08, 2021 11:52 Asia/Dushanbe
  • Дар ҷаласаи намояндагони ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мавриди интиқод қарор гирифт
    Дар ҷаласаи намояндагони ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа мавриди интиқод қарор гирифт

Намояндагони ҳукумат ва маҷлиси Тоҷикистон дар як нишасти муштарак, шабакаҳои иҷтимоиро мӯҷиби халалдор шудани фазои фарҳангӣ ва заминасози инқилобҳои рангин хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, намояндагони ҳукумат ва комитети умури байналмилал, созмонҳои иҷтимоӣ ва итилорасонии парлумони Тоҷикистон дар нишасти муштарак мавзӯи таъсири фазоии маҷозӣ дар ҷомеаро мавриди баррасӣ қарор доданд. 

Ин нишаст ба ибтикори фраксияи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар маҷлиси намояндагон баргузор шуд. 

Саидмурод Фаттоҳзода раиси комитети умури байналмилал, созмонҳои иҷтимоӣ ва итилоърасонии маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ин нишаст таъкид кард: «Рушди бесобиқаи шабакаҳои иҷтимоӣ мӯҷиби халалдор шудани фазоии фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ ва суннатии мардумони кишварҳои зиёд мегардад. Акнун мо шоҳиди ба вуҷуд омадани мафҳумҳое назири ҷанги иттилоотӣ, таҳмили афкору андешаи бегона ва таҳоҷуми ҳамаҷонибаи фарҳангӣ мебошем, ки аслу асоси арзишҳои миллиро зери савол мебарад.» 

Ҳамчунин гуфт: «Ҳадафи ин таблиғот эҷоди шароити вуқӯъи инқилобҳои рангин, заминасозӣ барои оғози низоъҳо ва даргириҳо, тағйири низомҳои сиёсӣ ва дар даст гирифтани қудрат мебошад.» 

Ширкаткунандагон дар нишаст баррасии мавзӯи таъсири фазои маҷозӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон хостори тавваҷӯҳи вижа ба фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ, ифшосозии аҳдофи воқеии ин расонаҳо ва ҷилавгирӣ аз " нуфузи вайронгари таҳоҷуми фарҳанги бегона дар ҷомеаи Тоҷикистон" шуданд.

 

Бештар бихонед: