Паёмҳои шодбоши мақомҳои олирутбаи Тоҷикистон ба ҳамтоёни эронӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли паём ба ҳамтоёни эронии худ, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфтанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба миллат ва давлати Эрон табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кардааст: “Тоҷикистон алоқаманд ба тавсеаву таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманду самарбахш бо Эрон дар тамоми бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн мебошад”.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ афзудааст: “Бовар дорам, ки равобити нек байни кишварҳои мо, ки реша дар иштирокоти таърихӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ дорад, дар заминаи созандагӣ, ҳусни тафоҳум, ҳусни ният, эътимод ва бо талошҳои пайгиронаи муштарак дар оянда низ густариш хоҳад ёфт”.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамтои эронии худ саломативу комёбӣ ва барои мардуми дӯсти Эрон сулҳ, оромиш, саодат ва шукуфоӣ орзӯ кардааст.
Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ дар паёме солгарди пирӯзии инқилоби исломиро ба Муҳаммадҷаводи Зариф, ҳамтои эронии худ табрик гуфт.
Дар ин паём омадааст: “Муфтахарам ба Шумо ҷашни фархундаи рӯзи миллии Ҷумҳурии исломии Эронро самимона табрик арз намоям. Тоҷикистон ба рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҳамаи бахшҳои мавриди тавваҷуҳи тарафайн алоқаманд аст”.
Муҳриддин ибрози итминон кардааст, ки бо ҳамдилӣ, бародарӣ ва барқарории сулҳу субот дар минтақа ва дар партави ҳамкориву талошҳои муштарак, равобити ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Эрон дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.
Бештар бихонед:
- Баргузории ҷашни 42 солагии инқилоби исломӣ ба шевае мутафовит
- Рӯҳонӣ интихоби дубораи Раҳмонро ба симати раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфт