Давлатзода: Масҷид омода аст; мунтазири амири Қатар ҳастем
(last modified Wed, 10 Feb 2021 14:38:58 GMT )
Феврал 10, 2021 19:38 Asia/Dushanbe
  • Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо кумаки молии 70 дарсадии Қатар сохта шудааст
    Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо кумаки молии 70 дарсадии Қатар сохта шудааст

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон эълом кард, ки ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе ба сафари амири Қатар бастагӣ дорад.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Сулаймон Давлатзода гуфтааст, ки Тамим бин Ҳамд Оли Сонӣ, амири Қатар ба унвони саҳмгузори аслӣ дар сохти ин масҷид бояд дар маросими ифтитоҳи ин маркази ибодӣ ширкат кунад, аммо феълан ба далели густариши Ковид - 19 сафари вай ба Тоҷикистон имконпазир нест.

Пеш аз ин, овозаҳое матраҳ шуда буд, ки таъхир дар ифтитоҳи масҷиди ҷомеи марказии Душанбе бо мушкилоти фаннӣ дар сохти он иртибот дорад, аммо раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо радди ин овозаҳо гуфтааст, ки масҷиди нав барои баргузории намозҳо комилан омода шуда ва танҳо мунтазири омадани амири Қатар мебошанд.

Қарор буд масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе се сол қабл дарҳои худро рӯйи намозгузорон боз кунад.

Сохти ин масҷид дар октябри соли 2011 оғоз шуд.

Маблағи сохти ин масҷиди 12 гектарӣ бо гунҷоиши сад ҳазор намозгузор ҳудуди 100 миллион доллар эълом шудааст, ки 30 миллион доллари онро давлати Тоҷикистон ва бақияро давлати Қатар ҷудо кардааст.

Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе яке аз бошукӯҳтарин биноҳои меъмории Тоҷикистон ва ҳамчунин бузургтарин макони динӣ аст, ки дар солҳои истиқлол сохта шудааст.

 

Бештар бихонед: