Феврал 19, 2024 18:26 Asia/Dushanbe
  • Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Тамим бин Ҳамад оли Сони амири Қатар
    Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо шайх Тамим бин Ҳамад оли Сони амири Қатар

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шайх Тамим бин Ҳамад оли Сони амири Қатари дидору гуфтугу карданд.

Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчуби сафари кори ба кишвари Қатар бо шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ амири ин кишвари дидору гуфтугу карданд.

Дар ин дидор ки дар ҳошияи ҷашнвораи саворкории ҷоми амири Қатар баргузор шуд мавзуъоти муртабит бо равобити дустона ва рушди ҳамкориҳои чанд ҷонибаи байни ду кишвари дуст мавриди баҳсу барраси қарор гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузарии муваффақи финали мусобиқоти фистевали саворкориро ба амири Қатар табрик гуфт ва аз даъват ва пазирои гарми вай ташаккур кард. Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатари қаҳрамонии тими миллии кишвараш дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиёро табрик гуфт ва аз истиқболи шоистаи тими миллии Тоҷикистон дар ин рақобатҳо қадрдони кард.

Амири Қатар низ ба навбаи худ вуруди Тоҷикистон ба ҷамъи ҳашт тими бартари футболи Осиёро дастовардӣ ифтихоромез хонд ва ин натиҷаи олиро ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон табрик гуфт.

Дар ин гуфтугуи тарафайн бар тақвияти равобити ду кишвар дар заминаҳои мавриди алоқа таъкид карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти тарафи муқобил дар ҷазби сармоягузории мустақим дар бахши энергетика, маъдан ва ба вижаи кишоварзӣ ишора кард. Дар ҳамин росто дар хусуси тавофуқоти ахири сафари расмии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари Қатар ва раванди иҷрои онҳо табодули назар шуд.

Тарафайн аз оғози фаъолияти амалии коргуруҳҳои муштарак барои иҷрои тавофуқот дар болотарин сатҳ истиқбол карданд.

Сарони ду кишвари дуст ҳамчунин дар бораи теъдоди аз масоили минтақаӣ ва байналмилалии мавриди алоқаи ду тараф табодул назар карданд.

Барчасп