Май 15, 2024 13:49 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон дигар иҷозати пешвозу гусели ҳоҷиён мумкин нест
    Дар Тоҷикистон дигар иҷозати пешвозу гусели ҳоҷиён мумкин нест

Воридот, фурӯш ва пӯшидани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маконҳои умумӣ мамнуъ гардид.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар Тоҷикистон дар маъракаҳои тӯю азодорӣ ҳам маҳдудиятҳои нав ҷорӣ шуд. Азҷумла, гусел ва пешвози ҳоҷиён ва умракунандагон ва ҳамзамон пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ҳам мамнуъ шуд.

Дар ҷаласаи парлумони ҷумзурӣ лоиҳаи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба баррисӣ кашида шуда, дар он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар ин бора “Садои мардум” - нашрияи парлумонии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин ҷаласа Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ҷузъиёти тағйиру иловаҳоро шарҳ дода, гуфтааст, таҳрири нав ҷавобгӯ ба талаботи замон аст.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба теъдоде аз маъниву мафҳум ва номҳо эрод гирифта шуда ва он ислоҳ гардидааст. Ба хусус, дар лоиҳа мафҳуми “маросимҳо” ба “маросим”, ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда шуда, мафҳуми “анъана” аз қонун ҳазф гардидааст ва акнун номи он Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст.

 

Барчасп