Феврал 10, 2021 20:21 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаи таҳқиқоти қаблии Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мунташир нашудааст
    Натиҷаи таҳқиқоти қаблии Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мунташир нашудааст

Мақомоти Агентии давлатии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дархост кардаанд, ки барои ифшосозии мавридҳои ришваситонӣ дар 5 ниҳоди давлатӣ ва омӯзишии кишвар, кумак кунанд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, ин мақомот дар баёнияи худ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки дар бораи мавридҳои дарёфти ришва дар Кумитаи давлатии таъмини амнияти озуқаворӣ,  Агентии давлатии ҷангалдорӣ, Донишгоҳи омӯзгории Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи муштараки Тоҷикистон ва Русия ва Донишкадаи исломӣ итилоърасонӣ кунанд.

Агентии давлатии мубориза коррупсия дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки қасд дорад дар моҳҳои январ то июни имсол дар бораи заминаҳои фасоди молӣ дар ниҳодҳои эъломшуда таҳқиқу санҷиш анҷом диҳад ва дар ин маврид ифшогарии ҷомеаи шаҳрвандиро муҳим арзёбӣ мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки солҳои гузашта Агентии давлатии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар мавриди вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар вазоратхонаҳои молия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохила, рушди иқтисод ва тиҷорат, кор ва муҳоҷират, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои радио ва телевизион, меъморӣ ва сохтмон ва умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросим таҳқиқоте анҷом дода буд, ки натиҷаҳои он ҳеч гоҳ мунташир нашуд ва дар ихтиёри ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор нагирифт.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп