Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо фасод
(last modified Thu, 22 Dec 2022 06:02:54 GMT )
Декабр 22, 2022 11:02 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бо фасод

Тоҷикистон омодаи ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ дар бораи мубориза бо фасод аст.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, омода аст дар муқовимат ба коррупсия бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад.

Ин нукта дар шаҳри Ҷидда зимни вохӯрии якуми роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия  таъкид шуд.

Дар он дар баробари намояндагони зиёда аз 50 кишвари узви Созмон ҳайати кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сулаймон Султонзода иштирок дорад.

Директори Агентӣ доир ба сиёсати зиддикоррупсионии кишвар сухан гуфта, иброз дошт, ки муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.