Феврал 11, 2021 10:40 Asia/Dushanbe
  • Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бонкҳои гирифтори бӯҳрон натавонистаанд дороиҳои худро фурӯшанд ва ба муштариён музд диҳанд
    Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки бонкҳои гирифтори бӯҳрон натавонистаанд дороиҳои худро фурӯшанд ва ба муштариён музд диҳанд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз қарзи 90 миллион доллари бонкҳои бӯҳронзада ва муфлисшудаи ин кишвар ба муштариён хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Ҳоким Холиқзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, ки далели пардохт нашудани қарзи бонкҳои бӯҳронзада ба муштариёнаш, ба фурӯш нарафтани амволи ин марокизи молӣ мебошад.

Вай дар бораи  қарзи  бонкҳои бӯҳронзадаи Тоҷикистон гуфт: "Дар ҳоли ҳозир қарзи Бонки сармоягузории кишоварзӣ ба муштариёнаш 662 миллион сомонӣ, Бонки содирот 344 миллион сомонӣ ва ду бонки лағви муҷаввизшудаи Тоҷпромбонк ва Фононбонк ба тартиб 55 миллион сомонӣ аст."

Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки муҷаввизи ду бонки сармоягузории кишоварзӣ ва содиротии бӯҳроншударо лағв кунад, аммо масъулони иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки ин ду бонк бояд қарзи худро аз муштариён тадриҷан пардохт кунанд.

Бӯҳрони молӣ дар бонкҳои Тоҷикистон аз соли 2016 оғоз шуд ва то ба ҳол ин марокизи молӣ натавонистаанд қарзи худро бо муштариён тасвия кунанд.

Бо ин ҳол коршиносон ба фурӯш нарафтани амволи бонкҳои бӯҳронзадаро барои бозпардохти қарз ба муштариён нархи бисёр болои ин амвол унвон мекунанд, ки наметавон харидор пайдо кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп