Маҳкумияти дубораи эшони Сироҷиддин ба 5 солу шаш моҳи зиндон
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эшони Сироҷиддин Абдураҳмонов, яке аз саркардагони гурӯҳи салафияро дубора ба 5 солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, вай ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнӯаи салафия дар Тоҷикистон аз сӯйи ин додгоҳ ба 5 солу шаш моҳи зиндон маҳкум шудааст.
Эшони Сироҷиддин соли 2009 дар додгоҳи олии Тоҷикистон ба иттиҳоми барангехтани низои мазҳабӣ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд, аммо дар соли 2013 бар асоси қонуни афви умумӣ озод ва акнун дубора ба зиндон маҳкум шудааст.
Кормандони полиси шаҳри Душанбе эшони Сироҷиддин, саркардаи ғайрирасмии гурӯҳи салафияро дар маҳалли иқоматаш дар шаҳри Душанбе, дар моҳи ноябри соли 2020 боздошт карданд.
Наздикони вай гуфта буданд, ки кормандони полис ҳангоми боздошти вай китобҳову роёнаи шахсии ӯро бо худ бардаанд. Ҳамчунин чанд шогирди вай низ дар ин амалиёт боздошт шудаанд.
Вай дар шабакаи Ютюб сафҳаеро таҳти унвони “Садои Умед” ифтитоҳ карда ва ба пурсишҳои ҷонибдоронаш посух мегуфт, аммо аз 20 ноябри соли 2020 ва пас аз боздошташ ҳеҷ матлаби ҷадиде дар ин сафҳа боргузорӣ нашудааст.
Эшони Сироҷиддин дар солҳои 2005 то 2009 ба шиддат бо намояндагони Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва пайравони тариқати тасаввуф дар Тоҷикистон даргир шуд ва талош кард вуҷуди фирқаи салафияро тавҷеҳ кунад.
Бештар бихонед: