Рекорди Тоҷикистон дар содироти тилло ва фулузот
Тоҷикистон дар соли 2020 барои бори нахуст дар таърихи ин кишвар яку ниммиллиард доллаи тилло ва фулузоти рангӣ ба хориҷ содир кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, агарчӣ дар соли 2019 барои бори нахуст тавлиди тилло дар Тоҷикистон аз 8 тон фаротар рафт, аммо дар соли 2020 дар шароити густариши вируси корона ва коҳиши фаъолияти марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ, содироти тилло кумаки зиёде ба ҳифзи суботи иқтисодии ин кишвар кард.
Ба гуфтаи мақомоти Кумитаи маъданшиносии Тоҷикистон дар ин кишвар 40 маъдани тиллои шиносоӣ ва захоири мавҷӯд 500 тон эълом шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар 5 соли ахир барои истихроҷи тилло 575 миллиондоллар вом аз Чин ҷазб шудааст, ки барои баҳрабардорӣ аз ду корхонаи коркарди ин маъдан дар ноҳияи Айнӣ ба таври муштарак ҳазина хоҳад шуд.
Ҳамчунин корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Чин мавсӯм ба “Зарафшон” дар вилояти Суғд 70 дарсад, “Покрӯд” дар ноҳияи Ваҳдат 14 дарсад, корхонаи “Тиллои тоҷик” 8 дарсад ва корхонаи муштарак бо Канада 5 дарсад аз истихроҷи тиллоро ба худ ихтисос додаанд.
Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, ки захоири тилло дар Тоҷикистон маҳдӯдаст ва ин кишвар бояд ба самти фароварӣ ва тавлиди зеваролоти ороишӣ дар дохил ҳаракат кунад, ки фоидаи он ба маротиб бештар аз содирот ба хориҷ хоҳад буд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Эътои иҷозатномаи коркарди тило аз ду кон ба ширкати чинӣ дар Тоҷикистон
- Боздошти қочоқчиёни тилло ва арз дар фурӯдгоҳи Душанбе