Феврал 14, 2021 18:52 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои сармурабии дастаи футболи Куктош
    Истеъфои сармурабии дастаи футболи Куктош

Сармурабии дастаи футболи "Куктош" истеъфо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Ҳабибуллоеви 55-сола иллати истеъфояшро эълом кард.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев дар июни соли гузашта сармурабии Куктош шуд. Ин тим бо ҳидояти вай соли гузашта дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп