Феврал 15, 2021 13:19 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи Bitcoin низ дар кишварҳои узви Иттиҳод манъ аст
    Истихроҷи Bitcoin низ дар кишварҳои узви Иттиҳод манъ аст

Як мақоми баландпояи хадамоти андози Суғд аз шиносоӣ ва ҳабси чаҳор нафар дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​барои истихроҷи биткоин хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Исроил Наимов дар нишасти матбуотии ахири масулони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд гуфтааст, иттиҳоми ин афрод пардохт накардани молиёт, сирқати барқ ва нақзи қонуни мамнӯияти истихроҷи биткоин мебошад. 

 

Вай таъкид кардааст, танҳо яке  аз ин афрод илова бар фарори молиётӣ дар муддати 11 моҳ дар соли 2020 ба маблағи беш аз1 миллион сомонӣ барқ дуздидааст. 
  
  

Дар маҷмӯъ аз ин афрод 234 дастгоҳи майнер (компютерҳои пуриқтидор) кашф карда шуданд, ки барои истихроҷи биткоин ё асъори рақамӣ дода шудаанд. Ҳар яки онҳо барои ин амалиёт дар як рӯз 520 сомонӣ кор карда, андоз пардохт накардаанд. 

Қаблан манобеи амниятӣ аз шиносоӣ ва боздошти якчанд фарди машғул ба истихроҷи биткоин дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Душанбе низ хабар дода буданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 тиҷорати биткоинро дар кишвар мамнӯъ эълом кард. Ин тиҷорат дар қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд низ муҷоз нест.

 

Бештар бихонед:

Барчасп