Муҳриддин: Занону кӯдакони тоҷик дар урдӯгоҳҳои Сурия шароити муносибе надоранд
(last modified Mon, 15 Feb 2021 16:31:51 GMT )
Феврал 15, 2021 21:31 Asia/Dushanbe
  • Муҳриддин: Дипломатҳои тоҷик бояд бо сарони гурӯҳҳои курди сурӣ гуфтугӯ кунанд
    Муҳриддин: Дипломатҳои тоҷик бояд бо сарони гурӯҳҳои курди сурӣ гуфтугӯ кунанд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, занону кӯдакони тоҷик дар ду урдӯгоҳи таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ дар шароите номусоид нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд ба Тоҷикистон бозгардонида шаванд.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт: Дар боздиди дипломатҳои тоҷик аз урдӯгоҳҳои Алҳавл ва Роҷ дар Сурия дар авохири соли 2020 бештари занону кӯдакони тоҷик хоҳони бозгашт ба кишварашон будаанд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон афзуд: Бо ин ҳол аз он ҷо ки ин урдӯгоҳҳо таҳти контроли гурӯҳҳои курди сурӣ аст, зарурат дорад, ки дипломатҳои тоҷик бо сарони ин гурӯҳҳо гуфтугӯ кунанд.

Сироҷиддини Муҳриддин пеш аз ин дар соли 2019 гуфта буд, ки дар ин урдӯгоҳҳо маҷмуан ҳудуди 260 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд.

Чанде қабл низ Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки шаҳрвандони худро аз урдӯгоҳҳои Сурия бозгардонад.

Мақомоти қазоӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳазору 900 шаҳрванди ин кишвар бо пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ки ҳудуди 500 нафар аз онон дар даргирӣ бо артишҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки дар солҳои ахир 300 шаҳрванди фиребхурдаи тоҷик аз манотиқи даргирӣ дар Сурияву Ироқ ба кишварашон бозгардонда шудаанд.

 

 Бештар бихонед: