Парвозҳои Тоҷикистон - Русия мунтазири тасмими Маскав
(last modified Mon, 15 Feb 2021 17:32:13 GMT )
Феврал 15, 2021 22:32 Asia/Dushanbe
  • Субҳонзода: Душанбе омода аст парвозҳои муназзам бо Русияро барқарор кунад
    Субҳонзода: Душанбе омода аст парвозҳои муназзам бо Русияро барқарор кунад

Раиси Идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон гуфт, ки барқарории парвозҳои муназзам бо Русия ба тасмими Маскав бастагӣ дорад.

Ба гузориши сомонаи “Пресса ТҶ”, Икром Субҳонзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе бо ишора ба баррасии ин мавзуъ дар рӯзҳои ахир бо тарафи Русия дар Маскав изофа кард: Дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба вируси корона мушоҳида нашудаву Душанбе омода аст парвозҳои муназзам бо Русияро аз сар бигирад.

Вай ёдовар шуд, ки 70 дарсади кулли парвозҳои Тоҷикистон ба мақсади Русия аст.

Ин дар ҳоле аст ки мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон чанд рӯз қабл, пас аз нишасти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории дуҷониба дар Маскав эълом карданд: Русия танҳо пас аз эъзоми ҳайат ва баррасии авзои бемории Ковид - 19 дар Тоҷикистон дар бораи оғози дубораи парвозҳои муназзам бо Тоҷикистон тасмимгирӣ хоҳад кард.

Марзҳои ҳавоии Тоҷикистон ва Русия аз рӯзи 18 марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шудааст ва то кунун танҳо парвозҳои чартерӣ (суворишӣ) анҷом мешавад.

 

Бештар бихонед: