Имзои тавофуқномаи ифтитоҳи хати ҷадиди ҳавоӣ байни Тоҷикистону Чин
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i109780-Имзои_тавофуқномаи_ифтитоҳи_хати_ҷадиди_ҳавоӣ_байни_Тоҷикистону_Чин
Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Чин тавофуқномаеро дар мавриди ифтитоҳи хати ҷадиди ҳавоӣ байни ду кишвар имзо карданд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Декабр 08, 2023 17:25 Asia/Dushanbe
  • То кунун байни Тоҷикистону Чин ҳафтае чаҳор парвоз анҷом мешуд
    То кунун байни Тоҷикистону Чин ҳафтае чаҳор парвоз анҷом мешуд

Ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Чин тавофуқномаеро дар мавриди ифтитоҳи хати ҷадиди ҳавоӣ байни ду кишвар имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, маркази матбуотии ширкати давлатии «Тоҷик-Аэронавигатсия» рӯзи панҷшанбе эълом кард, Тоҷикистону Чин тавофуқномаеро барои ифтитоҳи каридори ҷадиди ҳавоии «Помир - Шинча» дар шаҳри Душанбе имзо карданд.

Маркази матбуотии ширкати давлатии «Тоҷик-Аэронавигатсия» афзуд, ин тавофуқномаи ҳавоӣ ба пӯёии музоафе дар заминаи ҳамкориҳои ҳавонавардӣ байни ду кишвар меафзояд ва ба густариши равобити байналмилалии ҳавонавардӣ кумак мекунад.

Шоёни зикр аст, ки ин каридори ҳавоии ҷадид на танҳо фурсатеро барои афзоиши теъдоди парвозҳо байни кишвар, балки эҷоди бистаре муҳкам барои тавсеаи хадамоти ҳавоии байналмилалӣ бо соири кишварҳои ҷаҳон низ фароҳам хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Чин ҳафтае чаҳор парвоз анҷом мешавад.